ОМӮЗИШИ ТАБИБОНИ ОИЛАВӢ БО УСУЛИ НАВИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Маркази татбиқи Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамомавӣ бозомӯзии гурӯҳи дуюми курси шашмоҳаи табибони оилавиро, ки иловатан аз ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Ёвон интихоб шуда буданд, анҷом дод. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази мазкур иттилоъ доданд, курси мазкурро 22 духтур ва 46 ҳамшираи таббӣ ташкил дода буданд, ки дар Марказҳои Саломатии деҳотӣ, ноҳиявӣ ва хонаҳои саломатӣ фаъолият доранд. Дар курсҳои тибби оилавӣ ба ҳамшираҳо тренерон-омӯзгорон бо усули нави байналхалқӣ тибби оилавиро омӯзониданд. Тавассути тибби оилавӣ духтурони ноҳияҳо ва деҳаҳои дурдасти кишвар ба аҳолӣ метавонанд хизмати саривақтӣ ва камхароҷот расонда, бемориҳоро дар марҳилаи пайдоишашон бартараф намоянд. Бояд қайд намуд, ки корманди тибби оилавӣ дар минтақаи худ якчанд оиларо хизмат расонда, аз рӯзи таваллуд то пиронсолӣ аз саломатии онҳо бохабар шуда, табобат муайян мекунад. Инчунин, ҳар як духтур ва ҳамшираи тиббӣ бо борхалтаҳои тиббӣ таъмин карда шудаанд, ки дар он асбобҳои тиббӣ барои муоина, табобат ва доругузаронӣ мавҷуд аст. Духтурон ва ҳамшираҳои оилавӣ дар раванди омӯзиш ҳама намуди бемориҳо ва хизматрасониҳои тиббӣ, то қабули таваллуд, ёрии аввалин, ҷарроҳии сабук ва дигар корҳоро омӯхтаанд ва ҳангоми бемориҳои шадид беморонро ба беморхона тавассути роҳхат равон мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






