ПОСИ ХОТИРИ ОЛИМИ СОҲАИ МАТЕМАТИКА
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзҳои наздик 90 — солагии рӯзи таваллуди олими барҷастаи соҳаи математика, доктори нахустини илмҳои физикаю математика, профессор ва собиқ декани факултаи механикаю математика Магалим Субҳонқуловро ботантана ҷашн мегиранд. Магалим Акрамович Субҳонқулов 22 апрели соли 1920 дар деҳаи Куручевои ҶМСШ Тотористон таваллуд шудааст. Ӯ Донишкадаи омӯзгории Бухороро хатм карда, ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил мешавад. Солҳои таҳсил дар Самарқанд ихтиёрӣ ба ҷанг рафта, борҳо маҷрӯҳ шудааст. М.Субҳонқулов баъди хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Андиҷон ба кор фиристода шуд. Соли 1954 дар озмун ғалаба карда, ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба кор омад. Дар Душанбе мудири кафедраи назарияи функсияҳо ва таҳлили математикӣ таъин гардид. М.Субҳонқулов аввал муовини ректори ДДТ дар масъалаҳои илм буд. Соли 1963 дар мавзӯи «Теоремаи Тауберов ва соҳаҳои истифодаи он» рисолаи докторӣ ҳимоя карда, дар Пажӯҳишгоҳи математикаи ба номи В.А.Стеклови Академияи илмҳои ИҶШС соҳи унвони профессор гардид. Олим баъдан дар Тоҷикистон дар назарияи тауберов теоремаи нави бақиядорро кашф намуд. Таҳқиқоти ӯ дар омӯзиши назарияи спектралӣ ва назарияи шумора истифода карда мешаванд. М.Субҳонқулов дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мактаби математикҳоро ташкил дод. Инчунин таҳти роҳбарии ӯ дар донишгоҳ семинарҳо ва маҳфилҳои математикӣ ташкил карда мешуданд. Шогирдони М.Субҳонқулов имрӯз чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар мамлакатҳои дигар ба таҳкиқоти илмӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ машғуланд. Аз ҷумла Г.Бобоев, Ф.Ан ва В.Стетсенко дар Русия, Б. Мойшезон ва Э.Самандаров дар ИМА, И.Собитов дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, С.Мухторов дар Самарқанд, В.Тошбоев дар Тошканд, М.Исроилова дар Исроил, В.Толбоев ва А.Ғаффоров дар Хуҷанд кор мекунанд. Олим барои фаъолияти илмию омӯзгориаш бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», нишони «Аълочии мактаби олии ИҶШС», се маротиба бо нишони «Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






