ПРОКУРОРҲО САҲМИЯ МЕХАРАНД

Апрель 7, 2010 11:46

Суғд, 7  апрел.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Кормандони мақомоти прокуратураи вилояти Суғд баъди муроҷиатномаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оиди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун то имрӯз ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ саҳмия ва сертификатҳои НБО «Роғун»-ро харидорӣ намуданд Имрӯз низ кормандони мақомоти прокуратураи вилоят муташаккилона аз саҳмияҳои нерӯгоҳ ба маблағи зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» ёрдамчии калони прокурори вилоят Исохӯҷа Тошхӯҷаев иттилоъ дод.             400 нафар кормандони корхонаи коммуналии шаҳр низ барои саҳм гузоштан дар сохтмони нерӯгоҳи тақдирсоз ба Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ омаданд. Дар харидории саҳмия ва сертификатҳои нерӯгоҳ корхонаҳои марбутаи коммуналӣ ширкат варзида, ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ қоғазҳои қимматноки онро харидорӣ намуданд. Аз аввали ба фурӯш баромадани саҳмияҳои корхонаҳои коммуналии вилояти Суғд ба маблағи 482 ҳазор сомонӣ саҳмия ва сертификатҳои ҶСШК НБО «Роғун»ро харидорӣ намуданд.  

Апрель 7, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!