РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ
Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Лазат Диловарзод).- Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, ки тавассути сохтмони нақбу пулҳо, роҳҳои мошингарду оҳани ҳозиразамон ва инфраструктураи нақлиёти ҳавоӣ амалӣ мегардад,- иброз доштанд дар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ба мухбири АМИТ «Ховар». Тибқи маълумоти вазорати мазкур, солҳои охир дар бахши сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар кишвар 14 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 2,8 млрд. сомонӣ амалӣ шуда истодаст. То соли 2012 ба анҷом расонидани як қатор лоиҳаҳо дар назар аст. Дар сурати амалӣ шудани лоиҳаҳо 1650 км. роҳҳо, 15 км. нақб ва зиёда аз 100 адад пулҳо таҷдид ва сохта хоҳад шуд, ки калонтарини он пули болои дарёи Панҷ байни сарҳади ноҳияи Ванҷи ҶТ ва Давлати Исломии Афғонистон мебошад, ки 216 метр дарозӣ ва 5 метру 70 см. паҳноӣ дорад.