СӮХБАТИ МУХБИРИ АМИТ «ХОВАР» БО ШАХСИ ОСЕБДИДА
Маскав, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Мухбири АМИТ «Ховар» дирӯз дар Маскав бо сокини Душанбе, Ориё Назарови 24 — сола ҳамсӯҳбат шуд, ки 29 март дар натиҷаи амалиёти террористӣ дар метрои Маскав маҷрӯҳ гардидааст. О.Назаров 7 сол боз дар пойтахти Русия кору зиндагӣ мекунад. Вай нақл кард, ки 29 март мисли рӯзҳои муқаррарӣ дар истгоҳи метрои «Текстилшики» ба қатора нишаста, ба сӯи истгоҳи «Спортивная» равон шудааст, ки дар наздикии он дар яке аз муассисаҳои савдо кор мекард. Ман дар истгоҳи метрои «Кузнетский мост» ба воситаи эскалатор ба боло баромада, мехостам ба истгоҳи метрои «Лубянка» гузарам. Ҳамин лаҳза садои таркиш шунида шуд ва замин сахт ҷунбид. Ман аз зарбаи мавҷи таркиш ба замин афтодам, — гуфт Ориё Назаров. – Баъди чанд лаҳза ба худ омада, то истгоҳи «Лубянка» рафтам. Дар он ҷо одамони зиёде ҷамъ шуда, духтурон ба маҷрӯҳон ёрӣ мерасонданд ва онҳоро ба воситаи мошинҳо ва чархболҳо ба шифохона мефиристоданд. Дар ин лаҳзаҳо вазъи саломатии ман бад шуд, сарам чарх мезад, базӯр ба по меистодам. Бо вуҷуди ин коре карда, ба ҷои корам рафтам. Дар он ҷо аҳволам хеле вазнин шуд, аз бинниам хун беист мешорид. Ҳамкоронам мошини ёрии таъҷилии тиббиро даъват намуданд. Духтурон маро ба шифохонаи ёрии таъҷилии тиббии ба номи Склифосовский бурда, фавран кӯмаки таъҷилии тиббӣ расониданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ориё Назаров айни ҳол аз шифохона ҷавоб шудааст. Вазъи саломатии ӯ мӯътадил мебошад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






