ШИНОСҲО ҲАМ БА НОМУС ТАҶОВУЗ МЕКУНАНД?
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ба шӯъбаи корҳои дохилии №1 ноҳияи Синои пойтахт ҷавонзани 25- сола (ҷиҳати ҳифзи шаъну шарафи ҷабрдида ному насаби онҳо зикр намегардад) бо шикоят муроҷиат намуд. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки тибқи иттилои ҷабрдида, шаби 27 марти соли ҷорӣ дар назди ошхонаи «Шабнам», воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ шахси номаълум ба номуси ӯ таҷовуз кардааст. Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур аз рӯи нишонаҳои гуфтаи ҷабрдида муайян намуданд, ки ин ҷиноятро шаҳрванд Ҷамшед Ёрмадов, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки қаблан бо модаи 244 ва 248 КҶ ҶТ доғи судӣ дошт, содир кардааст. Инчунин ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бохтар ҷавонзани 41- сола (ҷиҳати ҳифзи шаъну шарафи ҷабрдида ному насаби онҳо зикр намегардад) муроҷиат намуд. Тавре ҷабрдида ба кормандони шӯъбаи номбурда иттилоъ дод, ки шиноси ин хонавода Фаррух Фозилови 21- сола 27 марти соли равон ба хонаи ҷавонзани 41-сола меҳмон мешавад. Ф. Фозилов аз набудани соҳибхоназан истифода намуда, ба тарзи зӯроварӣ, духтари ноболиғи 16- солаи ӯро таҷовуз мекунад. Айни замон барои дастгир намудани Ҷ.Ёрмадов ва Ф. Фозилов корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






