ШУДГОРИ ЗАМИНҲОИ ПАХТА ДАР АРАФАИ АНҶОМЁБИСТ
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ соли 2010 нақшаи шудгори заминҳо дар ҷумҳурӣ 642,4 ҳазор гектар мебошад. Ба иттилои ҳамин манбаъ, то 1 – уми апрели соли ҷорӣ майдони зиёда аз 549,5 ҳазор гектар хушсифат шудгор карда шудааст, ки он баробари 85,5 фоизи нақша мебошад. Аз ҳисоби 642,4 ҳазор гектар 170, 4 ҳазор гектари онро заминҳои барои пахта пешбинишуда ташкил медиҳанд, ки аийни замон 162, 6 ҳазор гектари он шудгор карда шудааст, ки он 95,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи шудгори заминҳои пахта пурра анҷом дода шудааст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






