СОҲИБКОРЗАНОН МАШВАРАТ НАМУДАНД

Апрель 6, 2010 15:54

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 6 апрел дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Рушди фаъолияти соҳибкории занон ба воситаи баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо оид ба масъалаҳои андозбандй» семинар-машварат баргузор гардид. Семинар-машварати мазкур дар доираи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки 15-уми январи соли ҷорӣ дар вохӯрй бо соҳибкорони мамлакат оид ба масъалаи ҷалби занону духтарон ба соҳибкорй ва умуман бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо баён гардида буд ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши соҳибкории занҳо, тақвият бахшидани ҳамкории самарабахшу оқилона миёни мақомоти андоз ва иттиҳодияҳои соҳибкории занон, ташкил шудааст. Дар семинар зикр гардид, ки гузаронидани чунин машваратҳо имконияти воқей фароҳам меорад, ки ҳамкории сохторҳои давлатй бо ташкилоти гайриҳукуматй шаффофу самарабахш ба роҳ монда шуда, дар рушди бемайлони соҳибкорй ва сари вақт супоридани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмй заминаҳои боэътимод фароҳам меорад. Дар ин ҷамъомад миёни соҳибкорзанони тоҷик ва намояндагони мақомоти андоз оид ба тартиби бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқй ва соҳибкорони инфиродй, тибқи принсипи «Равзанаи ягона», андозбандии шахсоне, ки мувофиқи тартиби соддакардашуда андоз месупоранд, инчунин тартиби соддакардашудаи бурдани ҳисобу китоб барои тиҷорати хурд мубодилаи афкор сурат гирифт. Барои иштирокчиёни семинар-машварат оид ба ҳамаи тағйиру иловаҳои охирини қонунгузорй оид ба қайди давлатй ва андозбандй, ки аз 1-уми январи соли 2010 мавриди амал қарор доранд, маълумот пешниҳод карда шуд. Ёдовар мешавем, ки семинар-машварат бо ташаббуси Кумитаи андоз ва Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» доир шуда, дар он занони соҳибкор аз шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Ваҳдат, ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ ва Файзобод иштирок намуданд.

Апрель 6, 2010 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад