СОБИҚ РАИСИ МН МО ҶТ РАИСИ КОМИССИЯИ ММ МО ҶТ ИНТИХОБ ШУД

Апрель 23, 2010 16:23

Душанбе, 23 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ҷараёни баргузории иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд Мамадшо Илолов раиси Кумитаи таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шуд. Раисии Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори умум, робитаҳои байнипарулмонӣ ба ӯҳдаи Муним Холиқов вогузор гардид. Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти мамлакат Матлубхон Давлатов, ки дар асоси Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 29 марти соли 2010 узви Маҷлиси миллӣ таъин гашт,  раиси кумитаи иқтисодиёту коммуникатсия интихоб шуд. Раисии Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология ба ӯҳдаи Давлатшо Гулмаҳмадов вогузор гардид. Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа интихоб гардид. Собиқ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев, ки бо Фармони Президенти мамлакат узви Маҷлиси миллӣ таъин шудааст,  раиси Комиссияи Маҷлиси миллӣ оид ба назорати дастур интихоб шуд.

Апрель 23, 2010 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад