СОХТОРИ «ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ» БОЗ ТАҒЙИР МЕЁБАД

Апрель 23, 2010 13:48

Душанбе,  23 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавзуна  Бойева). —  Муовини  директори  генералии Корхонаи воҳиди давлатии  «Фурудгоҳи  байналмилалии  Душанбе»  Азиз  Иброҳимов   дирӯз  зимни  нишасти  матбуотӣ  изҳор  намуд, ки  яке  аз   масъалаҳои  муҳимтарини  имрӯзаи   фаъолияти  корхона  масъалаи  амалӣ  сохтани  сиёсати  кадрҳо  мебошад.  Ҳадафи  сиёсати  мазкур, — гуфт  вай, — беҳтар  сохтани   шароити  меҳнат,  ҳавасмандии  моддии  коргарону  мутахассисон,  такмили  маҳорати  кормандон,  мавриди  истифода  қарор  додани  техникаю  технологияи  нав  аст. Роҳбарияти  Фурудгоҳи  байналмилалии  Душанбе  бо  мақсади ба  кор  ҷалб  намудани  мутахассисони  варзида тадбирҳо  андешида,  барои  онҳое  ки  дар  соҳаи  ҳавонавардӣ  ихтисоси  дахлдор  доранд,  ҷойҳои нави  кор  муҳайё  месозад. Қайд  карда шуд, ки  айни  ҳол   сайти  интернетии   фурудгоҳ  нав  карда  мешавад. Дар  натиҷа   мусофирон  ва  мизоҷон  дар  бораи  парвози  ҳавопаймоҳо  ва  умуман  фаъолияти  корхона  маълумоти  бештар  гирифта  метавонанд. А.Иброҳимов  хабар  дод, ки  дар  асоси   қарори  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  Корхонаи  воҳиди  давлатии  «Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе»  ба  Ҷамъияти  саҳҳомии «Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе» табдил  дода хоҳад  шуд. Ҳадафи  ин тадбир  ташаккули  фаъолияти  корхона  ва  беҳтар  сохтани  сифати  хизматҳои он аст. Қайд  карда  шуд, ки  айни  ҳол  19  ширкати ҳавонавардии  мамлакатҳои  хориҷӣ аз  хизматҳои  Фурудгоҳи  байналмилалии  Душанбе  истифода  мебаранд. Маблағи   даромади  умумии  фурудгоҳ  дар  давоми  се  моҳи  аввали  соли  2010  ум  15,8   миллион   сомониро  ташкил  дод,  гуфт  дар  хотима  Азиз  Иброҳимов.

Апрель 23, 2010 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад