СОХТОРИ «ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ» БОЗ ТАҒЙИР МЕЁБАД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов дирӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарини имрӯзаи фаъолияти корхона масъалаи амалӣ сохтани сиёсати кадрҳо мебошад. Ҳадафи сиёсати мазкур, — гуфт вай, — беҳтар сохтани шароити меҳнат, ҳавасмандии моддии коргарону мутахассисон, такмили маҳорати кормандон, мавриди истифода қарор додани техникаю технологияи нав аст. Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо мақсади ба кор ҷалб намудани мутахассисони варзида тадбирҳо андешида, барои онҳое ки дар соҳаи ҳавонавардӣ ихтисоси дахлдор доранд, ҷойҳои нави кор муҳайё месозад. Қайд карда шуд, ки айни ҳол сайти интернетии фурудгоҳ нав карда мешавад. Дар натиҷа мусофирон ва мизоҷон дар бораи парвози ҳавопаймоҳо ва умуман фаъолияти корхона маълумоти бештар гирифта метавонанд. А.Иброҳимов хабар дод, ки дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба Ҷамъияти саҳҳомии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» табдил дода хоҳад шуд. Ҳадафи ин тадбир ташаккули фаъолияти корхона ва беҳтар сохтани сифати хизматҳои он аст. Қайд карда шуд, ки айни ҳол 19 ширкати ҳавонавардии мамлакатҳои хориҷӣ аз хизматҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истифода мебаранд. Маблағи даромади умумии фурудгоҳ дар давоми се моҳи аввали соли 2010 ум 15,8 миллион сомониро ташкил дод, гуфт дар хотима Азиз Иброҳимов.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад






