ТАШВИШИ ХОҶАГИҲО БА СӮЗИШВОРӢ ҲИС МЕШАВАД

Апрель 30, 2010 09:07

Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Лазат Диловарзод).- Нарасидани сӯзишворӣ, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ, баҳри саривақт анҷом додани кишт дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)   то рафт мушкилотро пеш меорад. Дар моҳҳои январ – марти соли 2010 ба корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 5 ҳазору 62 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 2131 тонна кам аст.  Ин миқдор сӯзишвории дизелӣ ба ҳар як трактори шудгоркунанда ба ҳисоби мийна 377 литр рост меояд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2009  ба ҳар як трактори шудгоркунанда ба миқдори 99 литр кам аст. Агар сатҳи таъминоти сӯзишвории дизелӣ ба 1 трактор дар соли 2004  1091 литр рост омада бошад, дар соли 2008 – 666 ва дар соли 2010 ба 357 литр кам шудааст, ки сабаби онро ширкатҳои нафтрасони ҷумҳурӣ дар хоки Ӯзбекистон қарор доштани  садҳо қатораҳои пурбори сӯзишвории дизелӣ медонанд.      

Апрель 30, 2010 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд