ТАШВИШИ ХОҶАГИҲО БА СӮЗИШВОРӢ ҲИС МЕШАВАД
Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Лазат Диловарзод).- Нарасидани сӯзишворӣ, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ, баҳри саривақт анҷом додани кишт дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) то рафт мушкилотро пеш меорад. Дар моҳҳои январ – марти соли 2010 ба корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 5 ҳазору 62 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 2131 тонна кам аст. Ин миқдор сӯзишвории дизелӣ ба ҳар як трактори шудгоркунанда ба ҳисоби мийна 377 литр рост меояд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ба ҳар як трактори шудгоркунанда ба миқдори 99 литр кам аст. Агар сатҳи таъминоти сӯзишвории дизелӣ ба 1 трактор дар соли 2004 1091 литр рост омада бошад, дар соли 2008 – 666 ва дар соли 2010 ба 357 литр кам шудааст, ки сабаби онро ширкатҳои нафтрасони ҷумҳурӣ дар хоки Ӯзбекистон қарор доштани садҳо қатораҳои пурбори сӯзишвории дизелӣ медонанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






