ВАГОНҲОИ ТОҶИКИСТОН МИСЛИ ПЕШТАРА ДАР ӮЗБЕКИСТОН БОЗДОШТА МЕШАВАНД

Апрель 12, 2010 09:31

Душанбе,  12 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Муовини  сардори  Корхонаи  воҳиди давлатии «Роҳи оҳани  Тоҷикистон» Усмон  Қаландаров  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  Ӯзбекистон  мисли  пештара  бо  баҳонаҳои  гуногун  зиёда  аз  2 ҳазор  вагони  боркаши  Тоҷикистонро  боздоштааст. Мақомоти  расмии   Ӯзбекистон  боздошти  вагонҳоро  ба  носозиҳои техникии  роҳи  оҳан  ва  зиёд  гардидани  ҳаҷми  интиқоли  мол  барои   Афғонистон  вобаста  менамояд. Айни  ҳол  дар  қаламрави  Ӯзбекистон  700  вагон  сӯзишвории  дизелӣ  ва  бензин, инчунин зиёда  аз  50  вагон  сӯзишвории реактивӣ, бештар  аз 100  вагон орду  гандум ва  молҳои  дигари ба  мамлакати мо  ниҳоят  зарур  бе ягон  сабаб нигоҳ дошта  мешаванд. У.Қаландаров  зикр  кард, ки  16  март  ҳамлу  нақли  вагонҳо  аз  қаламрави  Ӯзбекистон  ба  самти  вилояти  Хатлони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  пурра  қатъ  карда  шуд.  Ҳамчунин   истгоҳи  роҳи  оҳани  Амузанг  тақрибан  баста  шудааст, ки  ба  воситаи он  вагонҳои  боркаш  ба  қисмати  ҷанубии  Тоҷикистон  оварда  мешаванд.  Ҷониби  Ӯзбекистон  баста  шудани  истгоҳи роҳи  оҳани  Амузангро  ба   тармиму  таҷдиди  қитъаи  роҳи  оҳани  байни  истгоҳҳои  Амузанг ва  Тирмиз  вобаста менамояд.  Қайд  карда шуд, ки роҳиоҳанчиён  ва  соҳибкорону  тоҷирони  Тоҷикистон  бо  ин  сабаб   зиёни  калон  мебинанд. Инчунин ин  вазъият   ба  соҳаи  кишоварзӣ  таъсири  манфӣ  мерасонад.  Зеро  дар  мамлакат  кишти  баҳорӣ  давом  дорад. Ҷониби  Тоҷикистон  борҳо   роҳбарияти  Ӯзбекистонро  даъват  намуд, ки  ба  ҳалли  ин  проблема  мсоидат  кунад. Вале  дар  ин  масъала  то  ҳол  ягон тадбири  муассир  андешида  нашудааст. Мо  ҳамаи  вагонҳоро  сари  вақт  мефиристем,  гуфт  У.Қаландаров.  Айни  ҳол  Ӯзбекистон  дар  як  шабонарӯз   ба  самти Тоҷикистон қариб  80  вагони  боркашро  сар  медиҳад.  Рӯзҳои  гузашта  аз  ҷумла ба  Тоҷикистон  37  вагон  гили  махсус  барои  корхонаи  алюминий,  28  вагон  бензин, 2  вагон  сӯзишворӣ  ва  равғанҳои  молиданӣ  ва  11  вагон  орд ба  қаламрави  Тоҷикистон  ворид  гардид.  Вале  ин  барои  қонеъ  гардонидани талаботи   соҳаҳои гуногуни  иқтисодиёти  Тоҷикистон  ниҳоят  кам  аст.  У.Қаландаров  изҳор  намуд, ки   айни  ҳол  дар  сарҳади  Тоҷикистону  Ӯзбекистон  499  вагон   сӯзишворӣ  ва равғанҳои  молиданӣ  боздошта  шудааст.

Апрель 12, 2010 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид