ВАЗИРОН АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДИДАН КАРДАНД

Апрель 9, 2010 13:12

Душанбе, 9 апрел.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Тибқи  маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ҳафтаи ҷорӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардонов ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷумла ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Вахш, Бохтар, Данғара, Фархор  сафар намуд. Дар ин сафар М. Алимардоновро, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қосимов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии ҶТ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд. Гурӯҳи корӣ ҳангоми сафар бо сохторҳои кишоварзӣ, деҳқонону фермерҳо вохӯриҳо доир намуда, оид ба саривақт ва хушсифат ба анҷом расонидани кишту кори баҳорӣ, таъмини техника, нуриҳои минералӣ, вазъи иҷтимоӣ ва ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ба онҳо ёрии амалию методӣ расонид.  Бояд қайд кард, ки чунин гурӯҳҳои корӣ бо роҳбарии муовинони вазири кишоварзӣ таъсис дода шуда, дар минтақаҳои дираги ҷумҳурӣ-вилояти Суғд, ВМБК ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.      

Апрель 9, 2010 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!