ЗАНОН ДАР КОРҲОИ РОҲБАРӢ ФАЪОЛАНД

Апрель 29, 2010 11:30

Ваҳдат,29 апрел.(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Тавре,ки раиси  Кумитаи кор бо занон ва ва оилаи назди  мақомоти  иҷроияи шаҳри  Ваҳдат Азиза Эшонова ба хабарнигори АМИТ»Ховар» иттилоъ дод, давоми соли ҷорӣ Кумитаи кор бо занон дар якҷоягӣ бо масъулини шӯъбаи маориф,шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Раиси шаҳр рӯйхати 116 нафар занони лаёқатмандро барои захираи кадрӣ тартиб додаанд. Бо мақсади таъмини иштироки фаъолзанон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат ва амалӣ гардидани Фармони Президенти кишвар «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеъа» дар байни занон бештар аз 100 вохӯрӣ гузаронида шуд. Азиза Эшонова афзуд,ки баҳри амалӣ намудани Барномаи давлатии тарбия,интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби занони лаёқатманд аҳамияти махсус дода мешавад.То охири соли 1990 дар шаҳр аз ҳисоби занон 58 нафар дар сатҳи роҳбарӣ фаъолият доштанд.  Айни замон дар шаҳри Ваҳдат шумораи занони фаъолу роҳбар ба 190 нафар расидааст.

Апрель 29, 2010 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!