ҚИРҒИЗИСТОН БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕРАСОНАД
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар»). — Раиси Ҳукумати муваққатии Қирғизистон Роза Отунбоева дирӯз дар бораи расонидани кӯмаки таъҷилӣ ба сокинони аз фалокати табий зарардидаи Тоҷикистон фармон имзо кард. Мувофиқи он Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон дар давоми ду моҳ барои зарардидагони тоҷик 5 хонаи тахтагии васлшаванда тайёр менамояд. Инчунин ба маҳалли таъиншуда расонидани хонаҳои мазкур ба зиммаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон гузошта шуд. Мувофиқи фармони Р.Отунбоева барои тайёр намудани хонаҳои мазкур як миллиону 771 ҳазор сом маблағ ҷудо карда шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






