ҲАДАФИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ- ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Май 13, 2010 09:55

Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ҳалли проблемаю мушкилоти соҳаҳои иҷтимоии сокинони ҷумҳурӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад. Сарфи назар аз таъсири бӯҳрони молиявӣ маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоӣ ҳамасола зиёд карда мешавад. Боис ба ёдоварист, ки соли гузашта буҷети давлатӣ барои аксари соҳаҳо ба андозаи даҳфоизӣ кам карда шуд, аммо маблағгузории хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ дар доираи буҷети тасдиқшуда пурра таъмин гардид. Дар соли ҷорӣ лоиҳаи буҷети ҷумҳурӣ ба ду қисм: а) буҷети иҷтимоӣ б) буҷети тараққиёт ҷудо карда шудааст. Дар баробари ин, маблағҳои зиёди иловагӣ, аз ҷумла зиёда аз 80 фоизи Фонди эҳтиётии Президент, фонди хароҷоти Ҳукумати ҷумҳурӣ, захираҳои  молиявӣ, маблағҳои инвеститсионӣ ва грантҳо ба рушди иҷтимоӣ бахшида мешаванд, ки зиндагии шоистаи мардумро таъмин мекунад,- иброз доштанд дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар».

Май 13, 2010 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!