ҲАМКОРИҲО ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 19 майи соли 2010 дар ҳошияи ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Яҳё Маъруфӣ баргузор гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, дар рафти сӯҳбат Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ҷониби Тоҷикистонро ба муносибати доир намудани ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ва раёсат дар ин созмон табрик гуфт. Сипас Ҳамрохон Зарифӣ ва Яҳё Маъруфӣ роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкориҳо миёни Созмони Конфронси Исломӣ ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ табодули назар карданд. Мавзўи дигари сўҳбат ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ буд, ҳангоми муҳокимаи он ҷонибҳо роҷеъ ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар қаламрави созмон ва амалӣ кардани тарҳҳои алоҳида ба мақсади боз ҳам густариш бахшидани ҳамкориҳо табодули назар намуданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






