«ҲОСИЛОТ» БА МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТӢ ОМОДАГӢ ДОРАД
Муъминобод, 7 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Ҷамъияти варзишии «Ҳосилот»-и ноҳияи Муъминобод барои гирифтани ҷои ифтихорӣ дар Вилояти Хатлон омодагӣ дида истодааст. Роҳбари ҷамъияти мазкур Мирзо Табаров дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт: «Ҷамъияти варзишии «Ҳосилот» аз соли 2009 дар ноҳия таъсис ёфта, то ин ҷониб дар чанд мусобиқаҳои ноҳияви ширкат варзида ҷайҳои намоёнро ишғол намудааст». Ба гуфтаи ин манбаъ мақсад аз таҳсис додани ин ҷамъият ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандустии онҳо мебошад. Мавриди зикр аст, ки ҷамъияти «Ҳосилот» навъҳои гуногуни бозиҳои варзиширо дар ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадони, Фархор, Данғара, Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон ва шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда тасмим гирифтааст чунин мусобиқаҳоро дар вилояти Хатлон низ ба роҳ монад. Гуфта мешавад, ки ҷамъияти « Ҳосилот » дар давоми се моҳи соли ҷори дар якҷояги бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии ноҳия дар мусобиқаи минтақави оид ба бозии волейбол ширкат варзида сазовори ҷои сеюм гардидааст, ки дар натиҷа соҳиби ифтихорнома ва саҳмияи сохтмони НОБ- и Роғун гардид.