ҲУҶУМИ МАЛАХ – ОФАТИ ТАБИӢ!

Май 20, 2010 13:12

Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Рӯзҳои охир аз сабаби боришоти зиёди борон ва шамолҳои сахт хатари ҳуҷуми малах дар  вилояти Хатлон бештар мушоҳида мегардад. Бо ин мақсад гурӯҳи кории вазорати кишоварзӣ таҳти роҳбарии    муовини вазир Раҳимназаров Ш.Р. дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Панҷ, Фархор, Сарбанд ва Вахши вилояти Хатлон, ки бештар ҳуҷуми малах ба соҳаи кишоварзӣ мушоҳида мешавад, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод. Асосан парвози малахҳо, ки дар як соат масофаи аз 20 то 50 км тай карда метавонанд,  дар назди майдонҳои киштзори зироатҳои кишоварзӣ аз доманакӯҳҳои «Туюнтов» ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қайд гирифта шудааст. Соли ҷорӣ аз ҳисоби Вазорати кишоварзӣ ба ноҳияҳои вилояти Хатлон 250 адад дорупошакҳои дастӣ, 7400 литр заҳрхимикати «Фастрак» ва 15 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ҷудо карда шудааст. Айни замон барои мубориза бар зидди малах дар вилоят аз 515 адад дорупошакҳои дастӣ, 19 адад ОВХ-28, 2 адад дастгоҳи аэрозолӣ истифода бурда истодаанд ва 650 нафар қувваи корӣ сафарбар карда шудааст. Аз 19 адад  ОВХ-28 5 адади он аз ҳисоби КҶВД «Мубориза бар зидди малах» буда, боқимондаи он аз ҳисоби ширкати «Исмоили Сомонӣ Асри ХХ1» ва дигар хоҷагиҳои вилоят мебошад. Мувофиқи маълумотҳои фаврии КВД «Мубориза бар зидди малах» дар ноҳияҳои вилояти Хатлон паҳншавии малах  41500 гектарро ташкил мекунад, ки  ин нисбати соли 2009 1500 гектар кам аст. То 19 майи соли ҷорӣ дар масоҳати 33550 гектар коркарди химиявӣ гузаронида шудааст, ки ин нисбати соли 2009  7600 гектар кам мебошад.  Ҳарчанд дар ҳамаи  мавзеъҳои  паҳнгаштаи малах коркарди кимиёвӣ  гузаронида буданд, вале  аз рӯи мушоҳидаҳо ҳуҷуми малах рӯз аз  рӯз бештар гардида истодааст. Дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят ситодҳои мубориза бар зидди малах фаъолият менамоянд,  ки он ҳамаи чораҳоро андешида истодаанд, ки пеши зарароварии малахҳо гирифта шавад. То имрӯз ситодҳои ноҳияҳои вилоят аз тарафи Вазорати кишоварзӣ бо заҳрхимикатҳо, дорупошакҳои дастӣ ва сӯзишвории дизелӣ бо қадри имкон таъмин карда шудаанд.  Гурӯҳи  корӣ  Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» ва ситодҳои ноҳиявии вилоятро, вазифадор намуд ки барои  пешгирии роҳи зараровари ва хавфи малах ба зироатҳои кишоварзӣ   чораҳои амалӣ  андешанд.                                                                                         

Май 20, 2010 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид