Ҳ. ЗАРИФӢ МУЛОҚОТҲОИ ДУҶОНИБА БАРГУЗОР НАМУД
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 19 майи соли 2010 дар ҳошияи ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо иддае аз роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ҷаласа мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданад, зимни вохўриҳои Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазир дар Дастгоҳи Сарвазири Малайзия Дато Сери Муҳаммад Назрӣ Абдул Азиз, Вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон Юсуф ибни Алавӣ ибни Аблуллоҳ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чад Мусо Фақӣ Муҳаммад, Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ ва ҳамоиши Африқои Ҷумҳурии Гвинея Бакари Фофана, муовини Вазири корҳои хориҷии Филиппин ва муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Иброҳим Хурайшӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар доираи Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






