ҶАШНВОРАИ ТЕАТРҲОИ КАСБӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Май 19, 2010 16:41

Хуҷанд,  19 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —  Тавре  хабар  дода  шуда буд,  17  май  дар   шаҳри  Хуҷанд  ҷашнвораи  дуюми  театрҳои  касбии  ҷумҳурӣ  кушода шуд.  Дирӯз, 18  май   якбора  дар   чанд  театри   вилояти  Суғд   асарҳои  саҳнавии  ба  ҷашнвора  пешниҳодшуда  пешкаши тамошобинон  гардонида  шуданд. Аз  ҷумла,  дар  Қасри  ҷавонони  ба  номи  Лоиқ  Шералӣ   асари  саҳнавии  коргардони  Театри  давлатии  лухтаки  шаҳри  Душанбе И.Сафаров «Маликаи  шӯх» намоиш  дода шуд. Муаллифи  намоишнома  И.Сафаров ва  Х.Салимов  мебошанд. Ҳунарпешагони  Театри   давлатии  ҷавонони ба  номи  Маҳмудҷон  Воҳидов  дар  саҳнаи  театри  мусиқии  мазҳакавии  ба номи  Камоли  Хуҷандӣ  асари  саҳнавии  Алексей  Дударёв  «Аскари  қаторӣ» — ро   пешкаши  тамошобинон  гардонданд. Онро  коргардони театр  Нозим  Маликов  ба  саҳна  гузоштааст. Дар  саҳнаи  театри  халқии  шаҳри  Истаравшан   асари  саҳнавии  Театри  давлатии  академии   драммавии ба  номи  Абулқосим  Лоҳутӣ «Ориёӣ»  намоиш  дода шуд. Муаллифи  намоишнома  С.Аюбӣ  ва  коргардони  он  Хушназар  Майбалиев  мебошанд. Ҳунарпешагони Театри  мусиқии  драммавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови  шаҳри  Қӯрғонтеппа  дирӯз  дар  саҳнаи  Театри  халқии  ба  номи  Тӯҳфа  Фозиловаи  шаҳри  Конибодом  асари  саҳнавии  драмнавис  А.Варфоломеев «Аскарҳо» — ро  намоиш  доданд.  Коргардони  асари  саҳнавӣ  Б.Раҷабов  мебошад. Дирӯз  инчунин   дар  Қасри  фарҳанги   шаҳри  Табошар  асари  саҳнавии Театри  давлатии  русии   ба  номи  Маяковский «Маро тарк  макун»  ва  дар   саҳнаи  Қасри  фарҳанги  шаҳри  Исфара асари  саҳнавии  Театри   мусиқии  мазҳакавии ба  номи  Саидалӣ  Вализодаи  шаҳри  Кӯлоб  «Агар  ҷанг  намебуд» пешкаши  тамошобинон  гардонида шуд. Ҷашнвораи  театрҳои  касбӣ  дар  вилояти  Суғд  давом  дорад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки дар  ҷашнвора  аз  тамоми  гӯшаҳои  мамлакат  13  театр  ширкат  меварзад. Дар он   аз Вилояти  Мухтори Кӯҳистони  Бадахон  ягон  театр  иштирок  надорад. Маросими  пӯшидашавии  ҷашнвора  21  май  дар  Театри  ба  номи  Камоли  Хуҷандӣ  баргузор  мегардад.

Май 19, 2010 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд