ҶАШНВОРАИ ТЕАТРҲОИ КАСБӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Хуҷанд, 19 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Тавре хабар дода шуда буд, 17 май дар шаҳри Хуҷанд ҷашнвораи дуюми театрҳои касбии ҷумҳурӣ кушода шуд. Дирӯз, 18 май якбора дар чанд театри вилояти Суғд асарҳои саҳнавии ба ҷашнвора пешниҳодшуда пешкаши тамошобинон гардонида шуданд. Аз ҷумла, дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ асари саҳнавии коргардони Театри давлатии лухтаки шаҳри Душанбе И.Сафаров «Маликаи шӯх» намоиш дода шуд. Муаллифи намоишнома И.Сафаров ва Х.Салимов мебошанд. Ҳунарпешагони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар саҳнаи театри мусиқии мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ асари саҳнавии Алексей Дударёв «Аскари қаторӣ» — ро пешкаши тамошобинон гардонданд. Онро коргардони театр Нозим Маликов ба саҳна гузоштааст. Дар саҳнаи театри халқии шаҳри Истаравшан асари саҳнавии Театри давлатии академии драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ «Ориёӣ» намоиш дода шуд. Муаллифи намоишнома С.Аюбӣ ва коргардони он Хушназар Майбалиев мебошанд. Ҳунарпешагони Театри мусиқии драммавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа дирӯз дар саҳнаи Театри халқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом асари саҳнавии драмнавис А.Варфоломеев «Аскарҳо» — ро намоиш доданд. Коргардони асари саҳнавӣ Б.Раҷабов мебошад. Дирӯз инчунин дар Қасри фарҳанги шаҳри Табошар асари саҳнавии Театри давлатии русии ба номи Маяковский «Маро тарк макун» ва дар саҳнаи Қасри фарҳанги шаҳри Исфара асари саҳнавии Театри мусиқии мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб «Агар ҷанг намебуд» пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Ҷашнвораи театрҳои касбӣ дар вилояти Суғд давом дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷашнвора аз тамоми гӯшаҳои мамлакат 13 театр ширкат меварзад. Дар он аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахон ягон театр иштирок надорад. Маросими пӯшидашавии ҷашнвора 21 май дар Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор мегардад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






