АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 5 майи соли ҷорӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 65 -солагии Иди Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирокчиёни ин ҷангро аёдат намуд. Нахуст раиси вилоят собиқадори меҳнат, рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Баҳриддиноваро, ки дар ақибгоҳ кор мекард, аёдат намуда, ба ӯ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медали ҷашнии «65-солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945» ва маблағи пулиро тақдим намуд. Инчунин, Қ. Расулзода ба иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ Ашӯрмурод Саидмуродов ва Геннадий Сидоров аз номи Президенти мамлакат медали ҷашнӣ ва маблағи пулиро бахшида ба 65-ум солгарди Иди Ғалаба тақдим намуд. Ҳангоми тақдими медалҳои ҷашнӣ зикр шуд, ки воқеан ҳам хизмату ҷонбозиҳои ин мардони далер ва шуҷоъи Ватан дар ҷанги мудҳиши хонумонсӯзи солҳои 1941-1945 ва дар Ғалабаи халқи шӯравӣ аз болои фашизм арзанда аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






