БОРОНҲОИ ПАЙ ДАР ПАЙ ХИСОРОТИ ЗИЁДИ МОДДӢ РАСОНИД

Май 20, 2010 14:59

Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ бар асари офатҳои табиӣ боришоти боронҳои пай дар пайи моҳи майи соли равон  фаромадани ярч, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо ва омадани сел ба манзили зисти шаҳрвандон, иншооти иқтисодӣ ва маъмурӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, системаи комуналии 26 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хисороти зиёди моддӣ расидааст. Тавре корманди маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, зиёда аз 18 ҳазор одамон бе манзили зист монданд. Инчунин офатҳои табиӣ сабабгори гирифтани ҷони 22 нафар шаҳрвандон шуд. Ӯ афзуд, ки дар мавзеи варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб шаҳрчаи хаймавӣ бо теъдоди 262 адад ва берун аз он 388 адад хайма аз тарафи ҳайати шахсии Кумитаи мазкур омода карда шуд. Дар маҷмӯъ то 15 май 665 адад хайма барои 4 ҳазору 899 одам омода кардаанд.    Бояд қайд кард, ки танҳо дар вилояти Хатлон бар асари офати табиӣ 301 манзили истиқоматӣ пурра зарар дида ва 471 манзили истиқоматӣ қисман зарар диданд. Мувофиқи маълумоти пешакӣ айни замон барои бартарафкунии оқибати офати табиӣ дар минтақаҳои осебзада зиёда аз 120 адад техника, барои корҳои барқароркунии кӯпрукҳо ва роҳҳо дар минтақаи Кӯлоб 48 адад техника ва механизмҳои роҳсозӣ сафарбар шудаанд. Ёдовар мешавем, ки зиёда аз 40 шаҳру ноҳия, вазорату кумита ва шахсони алоҳида ба аҳолии аз офати табиӣ зарар дида, кӯмак намуда истодаанд. Инчунин аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ низ кӯмак дастрас шуда истодааст.          

Май 20, 2010 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!