ДАР КӮЛОБ КӢ ХОНА МЕСОЗАД?

Май 11, 2010 12:08

Душанбе,  11 май. (АМИТ «Ховар»). —  Роҳбарони  баъзе  вазорату  идораҳо,  шаҳрҳо ва  ноҳияҳо,  инчунин  тоҷирону  соҳибкорони  ҷумҳурӣ  дирӯз  дар  маҷлиси  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  ваъда  доданд, ки  барои  аҳолии  аз  боришҳои  тӯлонӣ  зарардида ва   бесарпаноҳ мондаи  шаҳри  Кӯлоб  ва  ноҳияҳои  дигари  вилояти  Хатлон  хона  месозанд. Аз  ҷумла,  шаҳри  Душанбе  барои  зарардидагон  сад  хона,  вилояти  Суғд  40  хона,  муассисаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 20  хона,  корхонаи  алюминии  Тоҷикистон  50  хона,  бонкҳои  мамлакат  60  хона,  соҳибкорону тоҷирони ноҳияи Ҳисор  20  хона,  шаҳри  Турсунзода,  ноҳияҳои  Ваҳдат,  Рӯдакӣ, фурӯдгоҳи  байналмилалии  шаҳри Душанбе  ҳар  кадоме  10  хонагӣ  хоҳанд  сохт.  Соҳибкор Зайд  Саидов ваъда  дод, ки  барои  бесарпаноҳон  10  манзили  истиқоматӣ  бунёд  месозад. Дар  сохтани  биноҳо барои  зарардидагон  ширкатҳои телефонии  мобилӣ,  ширкати «Хима»,  ширкати  «Ёқут», ширкати «Мовароуннаҳр»  саҳм  мегузоранд. Роҳбарону  намояндагони  ин  корхонаҳо  ваъда  доданд, ки  барои  зарардидагон  5  хонагӣ  сохта  ба  истифода  медиҳанд. Ширкати  ҳавонавардии «Тоҷик Эйр»,  «Тоҷикматлубот»,  Кумитаи  телевизион  ва радио,  Агентии  назорати  молиявии  давлатӣ  ва  мубориза ба  муқобили  ришвахӯрӣ,  прокуратураи  генералӣ,   ширкати «Сим – Сим»  ва  ғайра  низ  барои   зарардидагон  биноҳои  истиқоматӣ  месозанд.  

Май 11, 2010 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!