ДАР СУҒД МАТБАА МЕСОЗАНД
Хуҷанд, 5 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов). — Соли ҷорӣ барои сохтмони иншооти ба Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тааллуқдошта 15247,9 ҳазор сомонӣ аз буҷаи вилоят пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, сохтмони як чанд мактаб барои 240 нафар хонанда дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен, Исфара, Зафаробод, истироҳатгоҳи бачагона дар ноҳияи Ҷ.Расулов, хонаи истиқоматии 45 хуҷрадор дар шаҳри Хуҷанд, таваллудхонаи дорои 35 кат дар ноҳияи Шаҳристон, ҳавзи шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд ва бинои матбаа, ки соли равон оғоз гашта, то 20-солагии ҷашни Истиқлолият мавриди истифода қарор мегиранд. Бинои матбаа дорои утоқҳои кории барҳавои замонавӣ ва толорҳои бузурги маҷлисгузаронӣ буда, дар таҳхонаи бино матбаа ҷойгир шудааст.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






