ДАР СУҒД ЯГОН БЕМОРИ ФАЛАҶИ ҲАРОММАҒЗ БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУДААСТ
Хуҷанд, 20 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Сармутахассиси раёсати тандурустии вилояти Суғд Фахриддин Ҳакимов ба муҳбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар вилоят даври дуюми дорудиҳӣ ба бачагони то сини 6 — сола барои пешгирии бемории фалаҷи ҳароммағз бомуваффақият оғоз ёфт. Қайд карда шуд, ки дар миқёси вилоят 319 ҳазору 787 бачагони то 6 – сола зиндагӣ мекунанд. Дар ҷараёни даври аввали дорудиҳӣ аз 4 то 8 май ба 318 ҳазору 310 нафар дору дода шуд. Даври дуюми дорудиҳӣ 18 май оғоз ёфт ва то 22 май давом мекунад. Ф.Ҳакимов афзуд, ки то имрӯз дар вилояти Суғд ягон бемори гирифтори фалаҷи ҳароммағз ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин ба ҳамаи бачагони то 6 – сола дар се давра дору дода хоҳад шуд. Бо ин мақсад дар саросари вилоят 148 бунгоҳи доимоамалкунандаи дорудиҳӣ ва 192 гурӯҳи таъҷилии кормандони тиб ташкил карда шуд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






