Э.РА&#1202МОН ТАДБИР&#1202ОИ ИЛОВАГИИ ТА&#1178ВИЯТИ МУ&#1178ОВИМАТ БА КОРРУПСИЯРО ТАСДИ&#1178 НАМУД

Май 1, 2010 08:20

30 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фармон Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсияро тасдиқ намуд. Тадбирҳои мазкур дар асоси Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» таҳия шуда, масъулияти иҷрои онҳо, пеш аз ҳама, ба зиммаи роҳбарони аввали вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор мегардад, ки оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии зиддикоррупсионӣ дар зарфи 3 моҳ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ намуда, татбиқи амалии онро таҳти назорати доимӣ қарор диҳад. Тадбирҳои иловагии мазкур аз мукаммалу мувофиқ намудани санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии дахлдор, аз ҷумла як зумра кодексу қонунҳо, такмили идоракунии  давлатӣ, иштироки аҳли ҷомеа дар мубориза бо чунин падидаи номатлубу нангин ва пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ иборат аст. Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия,  пеш аз ҳама, ба ошкор ва бартараф намудани шароити пайдоиши коррупсия, беадолатӣ ва маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон равона гашта,  амалисозии онҳо ба таҳкими амнияти давлат, таъмини тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ  ва болоравии обурўву нуфузи байналмилалии кишвар мусоидати фаъол мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 1, 2010 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад