ХАБАРИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ РУСИЯ

Май 8, 2010 12:06

Душанбе,  8 май. (АМИТ «Ховар»). —  Вазорати  корҳои  хориҷии  Русия  хабар  медиҳад, ки  8  май  дар  Маскав  ба  муносибати  65 – солагии  Ғалабаи  халқҳои  Шӯравӣ  бар  фашизм  дар   Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  мулоқоти  ғайрирасмии  сарони  давлатҳои  ИДМ  баргузор  мегардад.  Дар  он  президентҳои баъзе  мамлакатҳои  ИДМ  ширкат  меварзанд.  Дар  хабар  гуфта  мешавад, ки   дар тадбирҳои  тантанавии  бахшида ба   иди  Ғалаба  дар  пойтахти  Русия  теъдоди  зиёди роҳбарони  давлатҳои  хориҷӣ  ва  созмонҳои байналхалқӣ  ширкат  хоҳанд  варзид. Аз  ҷумла,  дар  ин  ҷамъомадҳо  роҳбарони  30  давлати  хориҷӣ  ва  созмонҳои  байналхалқӣ,  аз ҷумла,   сарони  давлатҳои  ИДМ,  Булғористон,  Ветнам,  Исроил,  Латвия,  Македония,  Муғулистон, Лаҳистон,  Сербия, Словакия, Словения, Фаронса, Хорватия,  Черногория, Чехия, Эстония, сарони  ҳукуматҳои  Олмон,  Италия ва  раиси  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  иштирок  хоҳанд  кард. Дар  байни   меҳмонони  олиқадр  раиси  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ,  Муншии  умумии СААД ва  Муншии  умумии Шӯрои  Аврупо  ҳастанд. Барномаи  тадбирҳои расмии  идона  расми гузашти  низомиро  дар  Майдони  сурх, гузоштани  гулчанбарҳо  аз  ҷониби  ҳайатҳои  хориҷӣ  дар  назди  Қабри   аскари  номаълум,   зиёфати  идона  дар  Қасри  калони  Кремл  ва  ғайраро  дар  бар  мегирад. Ба  расми  гузашти низомӣ  дар  Майдони  сурх   сарони  147   намояндагии  дипломатии  хориҷӣ  даъват  карда шудааст.

Май 8, 2010 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!