ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ ДАР ШӮРООБОД
Шӯрообод, 31 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бино бар иттилои раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия сол аз сол беҳтар гардида дар 30 муассисаи тандурустии ноҳия 45 нафар духтурони маълумоти олидор ва 212 нафар духтурони маълумоти миёнаи тиббӣ дошта ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Ба гуфти ӯ барои беҳтар гардидани шароити беморхонаи маркази Бонки Умумиҷаҳонии Рушд сохтмони шӯъбаи ҷарроҳии кӯдкона ва амрози занонаи беморхонаи марказии ноҳияро сохта ба истифода дода, инчунин якчанд автомашинаҳои ёрии таъҷилиро ба беморхона ворид сохтааст. Бо вуҷуди ин барои пешрафти кори ин соҳа камбудиҳои муайян садди роҳ гардида муассисаҳои тиббии ноҳия ба кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ ниёз дорад. Айни ҳол дар ноҳия 48 нафар пизишки маълумоти олидор ва 94 нафар маълумоти миёнаи тиббидор намерасад, ки чунин кадрҳо бештар дар ҷамоатҳои деҳоти дурдасти Даштиҷум ва Лангардара барои хизматрасонии шароити вазнини кӯҳистон зарур мебошанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






