ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД…

Май 1, 2010 11:00

Душанбе, 1 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон аз 27 то 29 апрел бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ конфронси илмии-назариявӣ  доир гардид.  Дар он омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд. Конфронс  як навъ натиҷагирӣ аз фаъолияти илмию  тадқиқотии омӯзгорону донишҷўён буд. Дар донишкада ба таълифи корҳои илмӣ — тадқиқотӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ду нафар омӯзгори донишкада  рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Дар ин муддат се китоби дарсии устодони донишкада   нашр гардид. Донишҷўён низ ба корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд ва барои конфронси навбатӣ маърӯзаҳои зиёд омода гардид.- гуфт  ректори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Нидоев Н.Ф. Сипас таи ду рӯз  дар масъалаҳои назарияи иқтисодӣ, фаъолияти бонкӣ, бахши молия ва андоз, таъини нарх ва суғурта, бозори меҳнат ва таҳлили иқтисодӣ, иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ маҳфилҳо баргузор гардиданд. Дар доираи ин бахшҳо устодону донишҷўён мавзӯҳои алоҳидаро таҷлил ва баррасӣ намуда, мубодилаи афкор карданд. Маърӯзаҳои нотиқон бо истифода аз воситаҳои техникии замонавӣ, компютеру асбобҳои аёнӣ  пурмазмуну ҷолиб буд.        

Май 1, 2010 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!