ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ «КИТОБИ ТЕҲРОН»

Май 8, 2010 12:28

Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 8 май як ҳайати беш аз 100 нафари аҳли илму фарҳанг, ноширон, устодони донишгоҳҳо, хабарнигорону рӯзноманигорони тоҷик  ҷиҳати иштирок ва боздид аз 23-умин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд. Назар ба иттилои аташеи фарҳангию матбуотии Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ, намоишгоҳи «Китоби Теҳрон» яке аз бузургтарин чорабиниҳои фарҳангӣ дар сатҳи кишварҳои минтақа дар Эрон ба шумор рафта, он дар масоҳати 6 ҳазор метри мураббаъ ташкил карда шудааст. Намоишгоҳ, ки рӯзи 5 май ифтитоҳ ёфт, ҳадафаш муаррифии китобҳои тозанашр, густариши китобдорӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар бахши китоб ва китобдорӣ байни нашриётҳои кишварҳои гуногуни  ҷаҳон аст. Дар намоишгоҳ 1200 нашриёт аз 80 давлати ҷаҳон китобҳои тозанашри худро ба маърази тамошо мегузоранд. Дар намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистон низ ифтитоҳ карда шудааст, ки дар он як ҳайате аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ нашри китобҳои нав дар Тоҷикистонро муаррифӣ месозад. Намоишгоҳи «Китоби Теҳрон» бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон гузаронида шуда, он 10 рӯз идома меёбад.

Май 8, 2010 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад