ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ФЕСТИВАЛИ «ЗАНБӮРИ ТИЛЛОӢ»
Душанбе, 25 май. (НИАТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Аз 26 то 31-уми май дар шаҳри Климовичи Ҷумҳурии Белорус фестивали байналмилалии эҷодиёти кўдакон «Золотая пчелка» («Занбўри тиллоӣ») баргузор мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шўъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг Хуршед Низомов хабар дод, дар фестивал Тоҷикистонро хонандагони мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев Ҷонафзо Бурҳонова ва Айнулло Бўризода муаррифӣ мекунанд. Бояд ёдрас шуд, ки Фестивали байналмилалии эҷодиёти кўдакон «Золотая пчелка» соли 1996 аввалин бор дар шаҳри Климовичи Ҷумҳурии Белорус доир шуда буд. Дар аввал он танҳо дар ҳудуди Белорус гузаронида мешуд, ки баъдан бо ташаббуси собиқ роҳбари идораи фарҳанги вилояти Могилеви Белорус Михаил Дорошков он соли 2001 сатҳи байналмилалиро гирифт








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






