КОНФРОНСИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ҶБВ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Май 7, 2010 15:22

Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Бахшида ба 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар китобхонаи миллии ҶТ ба номи Фирдавсӣ конфронси илмӣ таҳти унвони «Корнамоии ҷовидонаи халқи тоҷик дар муҳорибаҳои Чанги Бузурги Ватанӣ» баргузор гардид. Кофронси мазкурро директори Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А.Фирдавсӣ Шариф Тошев ифтитоҳ бахшида, дар мавзӯи «Корнамоиву қахрамониҳои ҷовидонаи ҷанговарони тоҷик – манбаъи муҳими тарбияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ» маърӯза намуд. Сипас мудири шуъбаи илмӣ-методӣ ва тадқиқоти қитобхона Гулсара Шукурова бо гузориши «Қахрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон» баромад намуд. Ҳамчунин, иштирокчиёни конфронс дар мавзӯҳои тасвири воқеаву ҳодисаҳои  айёми ҷанг дар адабиёти тоҷик ва саҳми китобдории тоҷик дар солҳои ҶБВ маъруза карданд. Дар хотима, намоиши китобҳо таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеч чиз фаромӯш нашудааст», муаррифӣ гардид, ки дар он беш аз 300 адабиёт доир ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Май 7, 2010 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!