МАҶЛИСИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТ
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 4 май таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов маҷлиси кумитаи тадорукоти омода сохтан ва гузаронидани иҷлосияи 37 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ баргузор гардид. Дар маҷлис зикр шуд, ки аз 18 то 20 майи соли равон бори аввал дар шаҳри Душанбе ду воқеаи муҳим — иҷлосияи 37 –уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ ва пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Ин нишон медиҳад, ки мақоми Тоҷикистон дар фаъолияти Созмони конфронси исломӣ торафт баландтар мегардад. Ба иҷлосияи мазкур тақрибан 100 ҳайат аз мамлакатҳои дуру наздик, аз ҷумла, 56 ҳайат аз мамлакатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ даъват шудаанд. Иҷлосияи мазкур аҳамияти калони сиёсӣ ва байналхалқӣ дорад. Бинобар ин барои дар сатҳи олӣ гузаронидани он ҳамаи тадбирҳоро андешидан зарур аст, гуфт Оқил Оқилов. Сарвазири ҷумҳурӣ дар фарҷоми маҷлис ба аъзои Кумитаи тадорукот ва шахсони дигари масъул барои тезонидани корҳои тайёрӣ ба иҷлосия супоришҳои дахлдор дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






