МАШҚИ ҲАРБӢ ДАР ЧЕЛЯБИНСК

Май 21, 2010 10:27

Душанбе,  21 май. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Намояндагони  вазоратҳои  мудофиаи   давлатҳои  аъзои  Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  баъди  чошти  20  май   дар  пойгоҳи  низомии  гарнизони  Чабаркӯли   вилояти  Челябински  Федератсияи  Русия   дар  бораи  гузаронидани   машқи  муштараки  низомии  Қувваҳои  дастаҷамъии  вокуниши  таъҷилии  созмон  таҳти  унвони  «Ҳамкорӣ — 2010»  протокол  имзо  карданд. Аз Тоҷикистон  дар  ин  мулоқот   муовини  аввали   сардори  Ситоди  кулли  Қувваҳои  мусаллаҳи  ҷумҳурӣ,  генерал – майор  Зариф  Бобокалонов  иштирок  дошт ва  протоколи  мазкурро  имзо  кард. Машқи  ҳарбӣ   аз  25  то  28  октябр  дар  пойгоҳи  низомии  Чабаркӯл  баргузор  мегардад.  Дар он  қариб  2  ҳазор  аскару  афсар,   бештар  аз  30 ҳавопаймо  ва  чархбол,  қариб  300  навъи  техникаи  ҳарбии   зиреҳпӯш  ва  ғайра  иштирок  менамоянд. Намояндагони  мамлакатҳои  аъзои  созмон  дар  мавзеи  Чабаркӯл  маҳалли   машқи  ҳарбиро  аз  назар  гузаронида,   нақшаи  онро  тасдиқ намуданд.   

Май 21, 2010 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!