МОДДАИ 2-И ҚОНУН АЗ ИБТИДОИ СОЛИ 2011 МАВРИДИ АМАЛ ҚАРОР ДОДА МЕШАВАД

Май 19, 2010 16:53

Душанбе, 19 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-19 май палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид кард, ки тибқи он синни издивоҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни духтарон аз 17 ба 18 солагӣ, яъне як сол боло бурда мешавад. Масълаи мазкурро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайриниссо Юсуфӣ шарҳ дода, гуфт, ки ҳадафи асосии ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани маълумотнокии духтарон, ҷалб намудани онҳо ба таҳсил, омода сохтани бонувони ҷавон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии издивоҷи бармаҳал ва равияи нопойдорию сустбунёдии оилаҳои ҷавон дар кишвар мебошад. Бояд зикр кард, ки бо мақсади ба мушкилот мувоҷеҳ нашудани баъзе оилаҳои ҷавон дар ҷомеа моддаи 2-юми қонуни мазкур аз якуми январи соли 2011 мавриди амал қарор дода мешавад. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир ба моҳияти қонуни  мазкур дар ҷомеа ибрози назар карда гуфт, ки ин қонун дар таҳким ва устувории оилаҳои ҷавон дар кишвар нақши муассир мегузорад. Мавсуф афзуд, ки танҳо дар давоми соли 2009 дар Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор ҷавонон оила барпо намуданд, ки  синни 1300 нафари онҳо аз 17 то 18 сола, 1, 5 ҳазор оила синнашон аз 16 то 17 сола ва 300 оилаи дигар синнашон 16 сола буданд.  

Май 19, 2010 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!