МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АҲМАД АБДУЛЛОҲ ОЛИ МАҲМУД

Май 19, 2010 05:28

18 майи соли 2010 дар вохўрии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Аҳмад Абдуллоҳ оли Маҳмуд масоили рушди бемайлони муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар баррасӣ шуд. «Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дўстона ва ҳамкории судбахш бо Давлати Қатар, ки  яке аз шарикони асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон дар олами араб аст, аҳамияти хос медиҳем», — изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Аз омодагӣ ба ифтитоҳи хатти мустақими ҳавоии байни ду кишвар ва бо сармоягузории ҷониби қатарӣ дар шаҳри Душанбе бунёд ёфтани як масҷиди бузург, мактаби замонавӣ, шаҳраки муосири иборат аз меҳмонхона ва биноҳои истиқоматӣ ва  таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот ва гўшту шир барои содирот изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Иштироки сармояи қатарӣ дар истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд. Баҳри такони бештар бахшидани ҳамкории дуҷониба баргузор кардани ҷаласаи аввалини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ дар Тоҷикистон ва таъсис додани сафоратҳои мустақили ду давлат дар шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа зарур шумурда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 19, 2010 05:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад