НАМОИШГОҲИ ТАҶҲИЗОТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Аз 25 то 28 майи соли равон ҳайати сармоягузорон ва соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе бо намояндагони як қатор вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ ва вусъат бахшидани равобити тиҷоратӣ бо Тоҷикистон мулоқот намуданд. Дар натиҷаи ин мулоқотҳо як чанд ёддоштҳои тафоҳум, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Тавсеаи энергияи поки форс»-и Ҷумҳури Исломии Эрон дар хусуси баргузории намоишгоҳи таҷҳизоти энергетикӣ дар Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Нерӯи сармоя ва тавсеаи энергияи пок»-и ҶИЭ оид ба сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан» ба имзо расиданд. Роҳбари гурӯҳи сармоягузорони эронӣ доктор Аҳмадӣ ба хабарнигорон гуфт, ки 2 моҳ баъд намоишгоҳи таҷҳизоти энергетикӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ки дар он ҳамаи маҳсулоти тавлидотии марбут ба соҳаи энергетика, аз қабили реле, трансформатор ва ғайра ба намоиш гузошта мешавад. Ҳадафи намоишгоҳро доктор Аҳмадӣ шиносоии бештари мардуми Тоҷикистон бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Эрон арзёбӣ кард.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






