НАМОЯНДАГОНИ АП СААД ДАР КУҶО ҶАМЪ МЕОЯНД?

Май 31, 2010 11:32

Душанбе, 31 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Маҷлиси  нахустини сайёри Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ аз  1 то  2 –юми июни соли 2010 дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван баргузор мегардад. Дар маҷлис, ки таҳти раёсати Раиси Думаи Давлатии Федератсияи Русия, Раиси Ассамблеяи парлумонии СААД  Борис Грызлов баргузор мегардад, намояндагони парлумонҳои давлатҳои Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон  ва Белорус иштирок менамоянд. Аз шӯъбаи равобити байнипарлумонии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маҷлиси сайёр Тоҷикистонро муовини Раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ  Назира Ғаффорова ва муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Амирхон Сафаров намояндагӣ менамоянд. Дар маҷлис масъалаҳои тақвияти ҳамкории давлатҳо дар доираи СААД баррасӣ мешаванд. Интизор меравад, ки иштирокдорони маҷлиси сайёр бо Президенти Арманистон Серж Саргсян, Раиси Маҷлиси Миллии Арманистон Овик Абрамян ва Вазири мудофиаи Арманистон Сейран Оганян мулоқот менамоянд. Инчунин, намояндагони парлумонҳои Ассамблеяи парлумонии СААД аз муҷтамеи меъмории ёдгории қурбониёни таъбизи нажодии арманиҳо,  воқеъ дар боғи «Цицернакаберд» боздид менамоянд. Бояд зикр кард, ки Ассамблеяи парлумонии СААД моҳи майи соли 1992 созмон дода шуда, ҳафт давлат – Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия,  Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид месозад.  

Май 31, 2010 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!