НАРХУ ТАРОФАИ ХИЗМАТИ ПУЛАКӢ БАЛАНД ГАРДИД
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нархи таърифаи хизмати пулакие, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, дар моҳҳои март – апрели соли 2010 0,1 фоиз, аз ҳисоби баландшавии арзиши чиптаҳои ҳавопаймо -7,6, хизматрасонии обтаъминкунӣ — 7,5, пардохти ҳаққи оби гарм – 5,4, хизматрасонии хушкашӯӣ -3,9, хизматрасонии сартарошхонаҳо -3,2, хизмати дӯхти шими мардона- 1,8 ва хизмати дӯхти куртаи занона 1,3 фоиз қимат шудааст. Аз аввали соли 2010 нарху тарофаи хизмати пулакие, ки ба аҳолӣ расонида мешавад 3,9 фоиз қимат шудааст, ки яке инро аз баланд шудани нархи барқ, дигаре аз боло рафтани қимати сӯзишворӣ ва сеюмӣ онро аз баланд бардоштани хизматрасонӣ дар нақлиёти роҳи оҳану автомобилгард маънидод мекунанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






