ОҒОЗИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ НАВИ МИНТАҚАВӢ

Май 5, 2010 14:41

Душанбе,  5 май. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). –Оиди  оғози татбиқи  барномаи нави минтақавӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Қазоқистон барои солҳои 2010 то 2013,  4 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе  конфронси матбуотӣ  бо ташаббуси Вазорати Рушди Байналмилалии Британияи Кабир, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ), Хазинаи занони СММ (ЮНИФЕМ)  баргузор гардид.  Тавре иштирокчиён қайд намуданд, барномаи мазкур аз тарафи Вазорати Рушди  Байналмилалии Британияи Кабир маблағгузорӣ шуда, аз тарафи СБМ, ЮНИФЕМ ва Бонки Ҷаҳонӣ (ҶБ) амалӣ мешавад ва имкониятҳои миллиро дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои содиркунанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон вусъат мебахшад. Бояд қайд намуд, ки таваҷҷӯҳи махсус ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва вазъиятҳои иҷтимоӣ-иқтисодии   мардону занон, ҳамчунин оилаҳои онҳо дода мешавад. Инчунин, дар чаҳорчӯбаи барномаи мазкур чорабиниҳое гузаронида хоҳанд шуд, ки ба амалисозӣ ва татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ташаккули марказҳои иттилоотӣ барои муҳоҷирон, таҳкими муколамаи байникишварӣ дар чаҳорчӯбаи ЕврАзЭС дар соҳаи танзими муҳоҷират равона карда шудаанд.       Барномаи мазкур дар Тоҷикистон якҷоя бо Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират дар назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ ва созмонҳои ғайридавлатии кишвар амалӣ карда мешавад.             Мутобиқи иттилооти Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Россия, ҳар сол ба Россия то 500, 000 муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон   ворид мешаванд.

Май 5, 2010 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад