ОМӮЗИШИ ХАРГӮШПАРВАРӢ

Май 28, 2010 15:26

Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Бо назардошти тараққӣ додани соҳаи харгӯшпарварӣ ва ҳалли масъалаи амнияти озуқаворӣ аз тарафи Ассосиатсияи Миллии ташкилотҳои машваратии «АгроДониш» бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти башардӯстонаи ОКСФАМ Новиби Ҳолланд рӯзи 27.05.2010 дар корхонаи харгӯшпарварии ҶДММ «Домулло» семинарии омӯзишӣ оид ба парвариши харгӯшон гузаронида шуд. Дар он мушовирон, мутахассисон ва фермерони харгӯшпарвар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ  иштирок варзида, бахри вусъат додани ин соҳа, зиёд намудани саршумори зотҳои самти гӯштӣ, гӯшту-пӯстӣ, истифода намудани таҷрибаи пешқадами усули акселеративии Михайлов И.Н., мубодилаи афкор намуданд. Ба ҳамаи иштирокчиён рисолаи нави «Дастур оид ба парвариши харгӯш», ки аз тарафи Ассотсиатсия Миллии сохторҳои машваратии «АгроДониш» ба чоп расидааст, ба тариқи ройгон дастрас гардид.                                                                                                                          

Май 28, 2010 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид