ОЗМУНИ «РОДМАРДОНИ ВАТАН» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Май 7, 2010 17:32

Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов ҷамъбасти гулчини барномаи консертии озмуни минтақавии театрҳои халқӣ ва ҳаваскорони санъат таҳти унвони «Родмардони ватан» доир шуд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ғолибони озмун ва ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро бо ҷашни 65-солагии ҶБВ табрик карда,  ба ғолибон муваффақиятҳои бештар ва ба собиқадорон умри дарозу саломатӣ таманно намуд. Дар гулчини барнома, театри халқии ноҳияи Ғончӣ, театри халқии ноҳияи Ёвон, театри халқии ноҳияи Ишкошим ҳамчун ғолибони озмуни вилоятӣ иштирок намуда, санъати худро пешкаши ҳаводорон гардониданд.  Ғолибони се ҷойи аввал  бо телевизор вад дигар иштирокчиёни озмун бо диплом, ифтихорнома ва нишони аълочии фарҳанг қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Май 7, 2010 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!