РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ АФЗОИШИ ҲОДИСАҲОИ ХУДКУШӢ НИГАРОН АСТ

Май 6, 2010 11:39

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми се моҳи аввали соли равон дар вилояти Суғд 89 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 адад зиёд мебошад. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз афзоиши ҳодисаҳои номатлуб, бахусус худкушӣ изҳори нигаронӣ карда, фаъолияти раёсати маориф, раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва кумитаи кор бо занон ва оилаи вилоятро мавриди интиқод қарор дод. Ӯ барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, зиёд намудани чорабиниҳои варзишӣ дар ҷамоатҳои деҳот, шаҳракҳо ва макотиби вилоят супоришҳои мушаххас дод.  Раиси вилоят тавсия намуд, ки дар назди кумитаи кор бо занон ва оилаи вилоят фаъол намудани марказҳои равоншиносӣ, ба таври бояду шояд ба роҳ мондани фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ барқарор намудани нуқтаҳои радио ва дар маркази рӯҳшиносии вилоятӣ беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ ва беҳдошти вазъ дар ин самт мусоидат хоҳад кард. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Қ. Расулзода ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он, зиёдшавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон, дар робита бо мақомоти дахлдор чораҳои амалӣ андешида, бо таъсиси гурӯҳи корӣ сабабҳои сар задани ин амалҳои номатлубро муайян намоянд.

Май 6, 2010 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад