РОЗА ОТУНБОЕВА ВАЗИФАИ ПРЕЗИДЕНТРО ИҶРО МЕКУНАД
Бишкек, 19 май. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукумати муваққатии Қирғизистон қарор қабул намуд, ки раиси ҳукумат Роза Отунбоева дар давраи гузариш вазифаҳои президентро низ иҷро хоҳад кард. Дар ин бора муовини раиси ҳукумати муваққатӣ Азимбек Бекназаров хабар дод. Вай зикр намуд, ки рӯзҳои наздик дар ин бора эъломияи дахлдор қабул карда хоҳад шуд. Дар он мӯҳлати ваколатҳои раиси ҳукумати муваққатӣ ҳамчун президент муайян карда мешавад. Ҳукумати муваққатии Қирғизистон дирӯз матни лоиҳаи Қонуни асосии мамлакатро мавриди муҳокима қарор дод. Матни онро иштирокчиёни Маҷлиси машваратии конститутсионӣ таҳия намуда, бо назардошти пешниҳодоти дар ҷараёни муҳокимаи умумихалқӣ бамиёнгузошташуда такмил дода шуд. Дар баробари ин узви маҷлиси машваратии конститутсионии Қирғизистон Тӯхтаим Умедалиева изҳор намуд, ки баъзе моддаҳои лоиҳаи Қонуни асосӣ бе розигии аъзои маҷлис тасдиқ карда шудааст. Вай зикр намуд, ки масъалаҳои марбут ба давраи гузариш дар маҷлис ба миён гузошта шуда буданд, вале қисми зиёди иштирокчиёни маҷлис онҳоро тарафдорӣ накарданд.