САФАРИ Қ. РАСУЛЗОДА БА КӮЛОБ

Май 27, 2010 11:44

Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз ҷониби шаҳру навоҳӣ ва ташкилоту корхонаҳои вилояти Суғд ба мардуми дар натиҷаи офати табиӣ зарардидаи вилояти Хатлон дар ҳудуди беш аз 3 гектар  замин бунёди 40 хонаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, ки дар минтақаи Кӯлоб бунёд карда мешавад, 25 май ба ин минтақа ташриф оварда, аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан кард.  «Офати табиии дар ин вилоят ба амаломада тамоми сокинони кишварро бетараф гузошта наметавонад ва имрӯзҳо мардуми вилояти Суғд низ дар радифи тамоми сокинони кишвар дастгиру мададгори ин мардум мебошанд», — гуфт Қ. Расулзода. Раиси вилояти Суғд сохтмончиён ва шахсони масъулро муваззаф намуд, ки корҳои сохтмониро то санаи 1 августи соли равон пурра ба анҷом расонанд ва ин манзилҳо аз номи мардуми Суғд ба аҳолии зарардидаи вилояти Хатлон бо тамоми шароитҳои зарурии зист тақдим хоҳанд гашт.  Алҳол дар ин мавзеъ 57 нафар сохтмончиён аз вилояти Суғд  ва беш аз 150 нафар коргарони маҳаллӣ манзилҳои истиқоматӣ бунёд мекунанд. Пудратчии асосӣ  5 ташкилоти сохтмонии вилояти Суғд аст. Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон оғози моҳи майи соли равон дар натиҷаи боришоти борони шадид ва омадани сел 270 хона пурра ва 800 хона қисман вайрон  шуданд. Умуман, дар минтақаи Кўлоб 453 хона пурра ва 1764 хона қисман хароб гашта, 19 мактаб, 12 беморхона, 80 пул, 531 километр  роҳҳои мошингард, 29 километр соҳилҳои дарёву каналҳо, 122 километр каналу заҳбур, 109 километр хатҳои барқу алоқа зарар дида, қариб 20 ҳазор гектар замини кишт ва боғу токзор зери лойқа ва сангу шағал мондааст.    

Май 27, 2010 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд