САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ СОХТМОН
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Чунон ки аз Агентии омори назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар моҳҳои январ – апрели соли 2010 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон 961 млн. 978 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 308 млн. 838 ҳазор зиёд аст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, ҳаҷми асосии азхудкунии сармоягузориҳо аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 млн. 391 млн. сомонӣ, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон- 6 млн. 381, Вазорати энергетка ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 104 млн. 620 ҳазор сомонӣ аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷумҳурӣ истифода гардидааст. Дар моҳҳои январ – апрели соли 2010 дар иншоотҳои таиноти истеҳсолӣ ба маблағи 738 млн. 978 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 76,8 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷумҳурӣ иҷро гардидааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






